Гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияҳои Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан карданд – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияҳои Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан карданд

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари худро ба минтақаҳои кишвар ҷиҳати ошноӣ бо раванди омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол оғоз кард.

Ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва сардори шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода иборат аст.

Яке аз вазифаҳои асосии гурӯҳи корӣ мулоқот бо раисони шаҳру ноҳияҳо барои таҳлили вазъи футбол дар маҳал ва дастгирии ҳамаҷонибаи дастаҳо дар ҳамаи минтақаҳои кишвар мебошад.

16 январ гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон боздид кард. Дар доираи сафар бо раиси ноҳия Ҷамшед Шарифзода мулоқоти корӣ баргузор шуд. Дар мавсими нав ноҳияи Восеъро дар Лигаи якуми Тоҷикистон ду даста – «Ҳулбук» ва «Рахш» намояндагӣ хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки назди дастаи «Ҳулбук» вазифа гузошта шудааст, ки дар Лигаи якум бомуваффақият ширкат карда, ба Лигаи олӣ баргардад. Ҳамчунин, дастгирии тими «Рахш» – ғолиби марҳилаи ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон дар соли 2025 тасдиқ карда шуд.

Дар рафти сафар аъзои комиссияи ФФТ аз варзишгоҳи марказии Восеъ, ки охири соли гузашта ифтитоҳ гардид, дидан карданд.

Сипас гурӯҳи кории ФФТ ба ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ рафта, онҷо бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Фаррухуддин Набизода мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ рушди футбол дар ноҳия ва дастгирии ҳукумати маҳаллӣ аз дастаи «Сарҳадчӣ» баррасӣ шуд.

Ҳайати ФФТ инчунин аз варзишгоҳи нави бунёдшаванда дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дидан кард. Пас аз анҷоми сохтмон, иншооти варзишӣ метавонад беш аз 7000 тамошобинро ҷойгир кунад.

Назари худро бинависед