Имрӯз, 12 январ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи пешакии Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.
Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон пеш аз оғози мавсим дар ду марҳила баргузор мешавад – пешакӣ ва ниҳоӣ. Дар марҳилаи аввал дастаҳо ба се минтақа тақсим мешаванд – Душанбе, Суғд ва Хатлон.
Мусобиқа дар Душанбе 23 январ оғоз мегардад ва даҳ даста дар он ширкат мекунад. Дар қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Чаҳор дастаи беҳтарин аз минтақаи Душанбе ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 роҳ меёбанд.
Фонди умумии ҷоизавии мусобиқа 100 000 сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби Ҷом бо 50 000 сомонӣ мукофотонида мешавад. Барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ сарфароз мешаванд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 дар минтақаи Душанбе:
Гурӯҳи «А»: «Рангон», «Сардор», «Регар-ТадАЗ», «Шоҳмансур», «Шодмон».
Гурӯҳи «В»: Душанбе, «Ҳосилот», «Саройкамар», КМВА, «Барқчӣ».