Ба диққати намояндагони ВАО! 8 октябр дар меҳмонхонаи «Румӣ» (ошёнаи 15) пеш аз бозии даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» миёни Тоҷикистон ва Малдив нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ соати 12:50.
Сармураббии дастаҳо Горан Стеванович (Тоҷикистон) ва Муҳаммад Сиёз (Малдив), инчунин аз ҳар тим як бозигарӣ ба суолҳои хабарнигорон посух хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки аккредитатсияҳое, ки қаблан барои бозии интихобии Тоҷикистон ва Тимори Шарқӣ гирифта шуда буданд, барои бозии дарпешистода эътибор хоҳанд дошт.