Ҷаласаи пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал баргузор гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷаласаи пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал баргузор гардид

Дар арафаи вохӯрӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал байни дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар, шахсони расмӣ, инчунин намояндагони дастаҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» иштирок карданд.

Дар маҷлис масъалаҳои умумии ташкилии баргузории бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 баррасӣ гардида, ранги либоси ҷонибҳо тасдиқ карда шуд. Мизбонони номиналӣ футзалбозони «Соро компания» пагоҳ бо либоси сафед-сабз бозӣ мекунанд, бозигарони «Истиқлол» бо либоси сурх ба майдон мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал байни «Соро компания» ва «Истиқлол» 4 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 оғоз меёбад.

Пас аз вохӯрӣ лотереяи варзишӣ гузаронида мешавад – се адад смартфон ба бозӣ гузошта мешавад. Нархи чиптаҳо барои ҳамаи нишастгоҳҳо якхел аст – 20 сомонӣ. Чиптаҳо дар хазинаҳои маҷмааи варзишӣ дастрас мебошанд.

 

Назари худро бинависед