Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «С», ки аз 20 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешаванд, омодагӣ мегирад.
Пайрав Воҳидов , сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ҷамъомади тамринии пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 ба даста 14 нафар – 3 дарвозабон ва 11 бозигарро даъват кардааст.
Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ тимҳои Макао (20 сентябр), Камбоҷа (22 сентябр) ва Ҷопон (24 сентябр) хоҳанд буд. Ҳамаи рақобатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳ меёбанд.