Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими миллии Афғонистон бозии санҷишӣ анҷом дод – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими миллии Афғонистон бозии санҷишӣ анҷом дод

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагиҳо ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо тими миллии Афғонистон бозии санҷишӣ анҷом дод.

Ин бозӣ имрӯз, 24 август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо пирӯзии тими Афғонистон – 1:0 поён ёфт.

Бояд гуфт, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «К» бо дастаҳои Непал (3 сентябр), Филиппин (6 сентябр) ва Сурия (9 сентябр) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед