Дар Душанбе семинар оид ба ҳисоботи молиявӣ барои дастаҳои лигаҳои олию якуми Тоҷикистон барпо шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе семинар оид ба ҳисоботи молиявӣ барои дастаҳои лигаҳои олию якуми Тоҷикистон барпо шуд

Дар шаҳри Душанбе барои намояндагони бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми кишвар дар мавзуи «Мутобиқнамоии самти молиявии клубҳо ба равандҳои муосири баҳисобгирӣ ва мусоҳибот» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода дар маросими кушодашавии ҳамоиши мазкур иштирок карда, зикр намуд, ки семинар дар доираи кӯшишҳои ФФТ ва Лигаи футболи Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбии менеҷмент дар бошгоҳҳо ва ҷорӣ намудани стандартҳои муосири шаффофият ва масъулияти молиявӣ, ки ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ва ФИФА ҷавобгӯ мебошанд, ташкил карда шудааст.

Дар семинар оид ба ҳисоботи молиявӣ директорон, роҳбарони дастаҳо ва мутахассисони молиявии дастаҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Коршиносони соҳаи баҳисобгирӣ, инчунин намояндагони сохторҳои аудиторӣ дар семинар маърӯзаҳо карда, миёни иштирокчиён саволу ҷавоби кушод сурат гирифт.

Назари худро бинависед