22 июл дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе маросими қуръакашии қисмати асосии 1XBet-Ҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 9:00 оғоз мегардад.
Аз марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон шуруъ карда, дувоздаҳ бошгоҳи лигаи олӣ – КМВА, «Истиқлол», «Барқчӣ», «Хуҷанд», «Вахш», «Равшан», «Ҳосилот», «Регар-ТадАЗ», «Истаравшан», «Эсхата», «Ҳулбук» ва «Панҷшер» вориди рақобат мешаванд. Дар ин марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон чаҳор дастаи лигаи якум ҳамроҳ мешавад. «Парвоз», «Сардор», «Саройкамар» ва Ваҳдат ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
Имсол ҳар марҳилаи Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ иборат хоҳад буд. Дастаҳои мизбон аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ муайян мегарданд.