Дар чаҳорчӯби омодагии доварони футболи Тоҷикистон ба нимаи дуюми мавсим, имрӯз, 10 июл дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода курсҳои панҷрӯзаи «FIFA MA Elite Referees Course» шуруъ шуданд.
Дастурдиҳандаи асосии курсҳо инструктори ФИФА Лим Ки Чонг Ан Ян аз Маврикий мебошад, ки дар ду Ҷоми ҷаҳон – солҳои 1994 ва 1998 кор кардааст. Фитнес-инструктори курсҳо дастурдиҳандаи ФИФА ва КФО Юлия Тарасова аз Ӯзбекистон мебошад.
Дар машғулиятҳо 35 нафар довари футбол – 14 довари марказӣ ва 21 ёвар иштирок мекунанд. Илова бар ин, дар миёни иштирокчиён ду дастурдиҳанда аз Тоҷикистон – Умед Раҳимов инструктори техникӣ ва Кристина Пронженко – фитнес-инструктор ҳам ҳастанд.
Курсҳои панҷрӯзаи ФИФА барои доварон дар Тоҷикистон аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, рӯзи 14 июл ба поён мерасанд.