Тими миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябр бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА бозиҳои дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябр бо тимҳои миллии Баҳрайн ва АМА бозиҳои дӯстона мегузаронад

Тими миллии Тоҷикистон рақибони худро дар бозиҳои санҷишии моҳи ноябрӣ маълум намуд.

Мунтахаби миллии Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр бо мунтахаби миллии Баҳрайн ва 12 ноябр бо тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб бозиҳои дӯстона мегузаронад. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор хоҳад шуд.

Миллипӯшони футболи кишвар зери роҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев омодагиро ба ин бозиҳои дӯстона охири моҳи октябр дар Душанбе оғоз мекунад.

Ёдрас мешавем, ки вобаста ба хуруҷи пандемияи коронавирус дар дунё бозиҳои чор даври охири марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё ба соли дигар гузаронида шуданд. Соли оянда мунтахаби миллии Тоҷикистон бо мунтахабҳои Ҷопон, Муғулистон ва Мянмар бозӣ хоҳад кард.

 

Бозиҳои дӯстона

7 ноябр (шанбе)

Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН

Дубай, АМА

 

12 ноябр (панҷшанбе)

АМА – ТОҶИКИСТОН

Дубай, АМА

Назари худро бинависед