Шаҳром Самиев дар ҳайати «Динамо-Авто» дар чемпионати Молдова боз ба задани гол муваффақ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Шаҳром Самиев дар ҳайати «Динамо-Авто» дар чемпионати Молдова боз ба задани гол муваффақ шуд

Ҳамлагари дастаҳои мунтахаби миллӣ ва ҷавонони Тоҷикистон Шаҳром Самиев, ки айни ҳол дар бошгоҳи «Динамо-Авто»-и Тираспол бозӣ мекунад, дар дивизиони миллии Молдова голи навбатиашро ба самар расонд.

Дар даври 20-уми чемпионати Молдова дастаии Шаҳром Самиев дар меҳмонӣ бо тими «Петрокуб» бозӣ кард. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 75-ум ҳисобро боз кард, аммо «Динамо-Авто» дар дақиқаи 77-ум гол сар дода, пирӯзиро нигоҳ дошта натавонист.

Ёдовар мешавем, ки Самиев дар ҳафт бозии «Динамо-Авто» дар Дивизиони Молдова ду гол задааст. Шаҳром дар Ҷоми Молдова бошад, муаллифи як голи дигар гардидааст. Пас аз 20 даври рақобатҳо, «Динамо-Авто»-и Шаҳром Самиев 28 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали чемпионат зинаи панҷумро ишғол мекунад.

Назари худро бинависед