Ҷоми КФО-2021: «Хуҷанд» аз «Насаф» мағлуб шуда, тамоми имкониятҳояшро барои баромадан ба даври баъдӣ аз даст дод – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми КФО-2021: «Хуҷанд» аз «Насаф» мағлуб шуда, тамоми имкониятҳояшро барои баромадан ба даври баъдӣ аз даст дод

Ноиб-қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 аз “Насаф”-и Узбекистон бо ҳисоби калони 0 бар 3 шикаст хӯрда, тамоми имкониятҳояшро барои баромадан ба даври баъдӣ аз даст дод.

Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаи соҳили Сирдарё бо “Олой”-и Ӯш (Қирғизистон) бозӣ мекунад. “Олой” дар бозии даври дуюм аз “Олтин Асир” бо ҳисоби 4 бар 5 шикаст хӯрд.

Инчунин, барандаи Ҷоми миллии кишвар, дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб,  ки дар гурӯҳи “Е”-и ин мусобиқа дар Бишкек баромад дорад, имконияти ба даври баъдӣ бармадани худро аз даст дод. Дар ин гурӯҳ пеш аз онҷоми даври ҷамъбастӣ “Аҳал”-и Туркманистон бо шаш имтиёз ғолиб шуд. Дар даври дуюм “Аҳал” бо ҳисоби 2 бар 0 “Дордой”-и Қирғизистонро мағлуб кард.

 

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «F». Даври 2-юм

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Насаф» (Узбекистон) – 0:3

Голҳо: Акмал Мозговой, 9 (0:1). Ҳусниддин Алиқулов, 42 (0:2). Шерзод Насруллоев, 45+4 (0:3).

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Алексей Матросов, Максим Грек (Алишер Баротов, 85), Самандар Очилов, Фирдавс Чақалов, Наимҷон Ибрагимзода (Парвиз Боқиев, 71), Далер Ёдгоров (Фирӯз Холматов, 85), Абдулмумин Забиров, Нозим Бобоҷонов (Тоҳир Малодӯстов, 71), Эҳсон Бобоев (Ҳоҷибой Зиёев, 71), Артём Сердюк, Дилшод Бозоров.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Акмал Мозговой («Насаф»).

17 май. Душанбе. ВҶарзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2500 тамошобин

 

«Олой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон) – 4:5

Голҳо: Ойбек Абдуғаффоров, 2 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Айдар Мамбеталиев, 28 (1:1). Алтимурат Аннадурдиев, 42 – аз пеналти (1:2). Везиргелди Ильясов, 44 (1:3). Михаил Титов, 48 (1:4). Гучмурат Аннагулиев, 72 – ба дарвозаи дастаи худ (2:4). Фурқат Турсунов, 84 – ба дарвозаи дастаи худ (3:4). Нурлан уулу Адилет, 89 (4:4). Алтимурат Аннадурдиев, 90+4 – аз пеналти (4:5).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алтимурат Аннадурдиев («Олтин Асир»).

17 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 400 тамошобин.

 

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Насаф» (Узбекистон) 2 2 0 0 7-0 6
2 «Олтин Асир» (Туркманистон) 2 1 1 0 7-6 4
3 «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) 2 0 1 1 2-5 1
4 «Олой» (Қирғизистон) 2 0 0 2 4-9 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

20 май (панҷшанбе)

17:00 – «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

21:05 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

 

Гурӯҳи «Е». Даври 2-юм

«Дордой» (Қирғизистон) – «Аҳал» (Туркманистон) – 0:2

Голҳо: Александр Мищенко, 7 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Элман Тагаев, 77 (0:2).

17 май. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзаков.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Аҳал» (Туркманистон) 2 2 0 0 5-1 6
2 «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) 1 0 0 1 1-3 0
3 «Дордой» (Қирғизистон) 1 0 0 1 0-2 0

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

20 май (панҷшанбе)

19:00 – «РАВШАН» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: соати оғози бозӣ ба вақти Душанбе.

Назари худро бинависед