Мусовии «Истиқлол» бо «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» дар даври ифтитоҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

Мусовии «Истиқлол» бо «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» дар даври ифтитоҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Қаҳрамони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бозии аввалини худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар гурӯҳи “А” бо дастаи “Шубоб Ал-Аҳли Дубай”-и Имороти Муттаҳиддаи Арабӣ мусовӣ анҷом дод. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд дар Ар-Риёз баргузор гардид.

Акнун дар даври навбатии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 “Истиқлол” рӯзи якшанбеи 18-уми апрел бо дастаи АГМК-и Узбекистон рақобат мекунад. Вохӯрии якуми худро дар даври аввали мусобиқа АГМК бо “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2 бар 2 мусовӣ анҷом дод.

 

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – 0:0

«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Андрей Мищенко, Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров, Муҳаммадҷон Раҳимов (Ваҳдат Ҳанонов, 84), Нуриддин Давронов, Шаҳром Сулаймонов, Алишер Ҷалилов, Ҳусейн Доған, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 64).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Рустам Ятимов («Истиқлол»).

Сардовар: Дилан Перейра (Шри-Ланка).

15 апрел. Ар-Риёз. Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд.

 

«Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – АГМК (Узбекистон) – 2:2

 

Тақвими бозиҳои боқимонда

Даври 2-юм

18 апрел (якшанбе)

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

 

Даври 3-юм

21 апрел (чоршанбе)

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба ном Шоҳ Фаҳд

 

Даври 4-ум

24 апрел (шанбе)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба ном Шоҳ Фаҳд

 

Даври 5-ум

27 апрел (сешанбе)

22:00 – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – АГМК (Узбекистон) – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Фейсал Бин Фаҳд

 

Даври 6-ум

30 апрел (ҷумъа)

22:00 – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – АГМК (Узбекистон). Ар-Риёз, Варзишгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳ Фаҳд

22:00 – «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (АМА). Ар-Риёз, варзишгоҳи Шоҳзода Файсал Бин Фаҳд

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Арабистони Саудӣ

Назари худро бинависед