Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон: пешсафон имтиёз намедиҳанд – Федерация Футбола Таджикистана

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон: пешсафон имтиёз намедиҳанд

Дар мусобиқа байни дастаҳои футболи то 15 соли Тоҷикистон, ки бо иштироки 10 даста идома дорад, бозиҳои даври ҳафтум баргузор шуданд.

Дар марҳилаи аввали мусобиқа дар минтақаи “Шимол”, дар ҷадвали мусобиқа дуҳокимиятӣ дида мешавад. Дастаҳои “Ҷавонӣ-Пахтакор” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ва “Навбаҳор” аз ноҳияи Мастчоҳ бо 13 имтиёзӣ дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дастаи “Пахтакор-Ҷавонӣ” як бозӣ кам гузарондаст. Дар минтақаи “Ҷануб” бошад футболбоздухтарони “Бешкент” аз ноҳияи Носири Хусрав дар ҷадвали мусобиқа пешсаф мебошад. “Бешкент” дар ҳамаи шаш бозии марҳилаи аввали мусобиқа ғалаба ба даст овардааст.

Ёдрас мешавем, ки баъди ҷамъбасти марҳилаи аввали мусобиқа аз ҳар минтақа ду дастаи пешсаф ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ меёбанд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа моҳи ноябр баргузор мешавад.

 

Мусобиқа байни дастаҳои футболи духтарони то 15 соли Тоҷикистон

Минтақаи «Шимол»

Даври 7-ум

«Спитамен» – «Навбаҳор» – 1:2

«Ободӣ» – «Конибодом» – 4:0

 

  Б Ғ М Б Т И
1 «Пахтакор-Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов) 5 4 1 0 27-1 13
2 «Навбаҳор» (Мастчоҳ) 6 4 1 1 17-5 13
3 «Спитамен» (Спитамен) 6 2 1 3 15-17 7
4 «Ободӣ» (Шаҳристон) 5 2 1 2 9-12 7
5 «Конибодом» (Конибодом) 6 0 0 6 0-35 0

 

Нишонзанҳо: Рухшона Файзуллоева («Пахтакор-Ҷавонӣ») – 17 гол, Саида Соатилоева («Навбаҳор») – 7 гол, Шоҳсанам Ҳоҷиматова, Оиша Бутаева (ҳарду аз «Пахтакор-Ҷавонӣ»), Умеда Қарабошева («Навбаҳор»), Шаҳзода Бобоева («Ободӣ») – 4 голӣ.

 

Минтақаи «Ҷануб»

Даври 7-ум

«Бешкент» – «Дурахшон» – 13:0

«Чашма» – «Зебонисо» – 1:0

  Б Ғ М Б Т И
1 «Бешкент» (Носири Хусрав) 6 6 0 0 47-0 18
2 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 5 4 0 1 32-1 12
3 «Чашма» (Шаҳритус) 5 3 0 2 13-11 9
4 «Зебонисо» (Душанбе) 6 1 0 5 9-15 3
5 «Дурахшон» (Кӯшониён) 6 0 0 6 0-74 0

 

Нишонзанҳо: Гулҷамол Элмуродова («Бешкент») – 16 гол, Гулсанам Тангирова («Бешкент») – 14 гол, Малика Қаюмова («Чашма»/«Панҷшер») – 12 голУмеда Ҷалилова («Чашма»/«Панҷшер»), Гузал Юсупова («Бешкент») –  8 голӣ, Дилдора Имомалиева («Панҷшер») – 7 гол.

Назари худро бинависед