Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): омодагиҳо идома доранд – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): омодагиҳо идома доранд

Дастаи мунтахаби ҷавонони зери 19 соли Тоҷикистон (U-19) дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев тайёриро ба  марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 идома медиҳад.

Даста рӯзе ду маротиба – саҳар дар толори варзишӣ ва бегоҳ дар майдони варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин мекунад. Машқҳои даста ба ин тартиб то рӯзи 30 ноябр идома меёбанд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё аз 3 то 20 моҳи марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони мо дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи Мубин Эргашев дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар мебошанд.

Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021  соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол (U-20) мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол (U-20) дар давлати Индонезия баргузор хоҳад шуд.

Назари худро бинависед