Мубин Эргашев ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Эрон номбар кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мубин Эргашев ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Эрон номбар кард

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҳайати дастаро барои иштирок дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Эрон номбар кард.

Бо бозиҳои дар пеш истода сармураббӣ 24 бозигар, аз ҷумла  3 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 9 ниммуҳофиз ва 5 ҳамлагарро даъват намудаст.

Ёдрас мешавем. Ки бозиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистону Эрон рӯзҳои 24 ва 27 декабр, соати 14:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бидуни иштироки мухлисон баргузор мешаванд.

 

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Эрон:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Муҳофизон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Манучеҳр Сафаров, Муҳаммад Саломзода, Шоҳрух Сангов, Исроил Холов, Ҷонибек Шарипов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Раҳим Қурбонов («Олимп-Химки», Русия);

Ниммуҳофизон: Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадонӣ Камолов («Истиқлол»), Салам Ашӯрмамадов («Истаравшан»), Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Эмомалӣ Аҳмадхон (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Ҳикматилло Исмоилов («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Рустам Соиров («Истиқлол»), Ислом Зоиров, Азизбек Ҳасанов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

 

Бозиҳои дӯстона

24 декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед