Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 бо иштироки «Истиқлол» ва «Хуҷанд» тирамоҳ ба таври мутамарказ мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 бо иштироки «Истиқлол» ва «Хуҷанд» тирамоҳ ба таври мутамарказ мегузарад

Пас аз як қатор мубоҳисаҳои созанда бо аъзои ассотсиатсияҳо, Лигаҳо ва бошгоҳҳои футбол, Конфедератсияи футболи Осиё тақвими мусобиқаҳоро барои дастаҳои миллӣ, клубҳо ва мусобиқаҳои футзал барои соли 2020 таҳия намуд.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар минтақаи Марказӣ бо иштироки ду клуби Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, инчунин “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) ба таври мутамарказ аз 20 октябр то 4 ноябр баргузор мешавад. Федератсияи футболи Тоҷикистон, қаблан дархост додааст, ки марҳилаи гурӯҳиро дар минтақаи Марказӣ дар Душанбе баргузор намояд.

Ғолиби гурӯҳ дар нимфинали байниминтақавӣ, ки 24-25 ноябр пешбинӣ шудааст, бозӣ мекунад. Бозии финалии байниминтақавӣ 2 декабр ва бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2020 рӯзи 12 декабр баргузор хоҳад шуд.

 

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи Марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11 март (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 2:0

20 октябр (сешанбе)

«Дордой» (Қирғизистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

 

Даври 2-юм

23 октябр (ҷумъа)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 3-юм

26 октябр (душанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН– «Дордой» (Қирғизистон)

 

Даври 4-ум

29 октябр (панҷшанбе)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 5-ум

1 ноябр (якшанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Олтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

 

Даври 6-ум

4 ноябр (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН– «Олтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

 

Конфедератсияи футболи Осиё инчунин ба нақша гирифтааст, ки мусобиқаҳои футболи мунтахабҳои миллии наврасону ҷавонон ва мусобиқоти футзалро дар соли 2020 бо ҷадвали нав ба анҷом расонад:

– чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19 сола (U-19) дар Узбекистон – аз 14 то 31 октябри соли 2020;

– чемпионати Осиё оид ба футзал дар Туркманистон – аз 4 то 15 ноябри соли 2020;

– чемпионати Осиё байни наврсони то 16 сола U-16) дар Баҳрайн – аз 25 ноябр то 12 декабри соли 2020;

– чемпионати бошгоҳии футзали КФО дар АМА – аз 2 то 13 декабри соли 2020.

Назари худро бинависед