Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021: «Истиқлол» ба Арабистони Саудӣ меравад – Федерация Футбола Таджикистана

Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021: «Истиқлол» ба Арабистони Саудӣ меравад

Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, дар гурӯҳи “А” бо иштироки қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе, дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

“Истиқлол” дар як гурӯҳ бо дастаҳои «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) ва «Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (ИМА), инчунин ғолиби ҷуфти плей-оффи «Ал-Ғарафа» (Қатар) – АГМК (Узбекистон) бозӣ мекунад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФо-2021 қаҳрамони Тоҷикистон шаш бозӣ хоҳад кард. Дар бозии нахустини худ дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи пурнуфузарини бошгоҳии осиёӣ “Истиқлол” рӯзи 15-уми март бо дастаи футболи «Шубоб Ал-Аҳли Дубай»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вомехӯрад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи асосии бошгоҳии Осиё, дар минтақаи Ғарб ба шакли мутамарказ аз 14 то 30 апрел ва дар минтақаи Шарқ бошад, аз 21 апрел то 7 май баргузор хоҳад шуд.

Тибқи Тартиби баргузорӣ, аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ ҳамаи ғолибони панҷ гурӯҳ ва боз се дастаи нишондодашон беҳтарин аз ҳамаи гурӯҳҳо роҳ меёбад.

Назари худро бинависед