КФО вақти оғози бозиҳои мусобиқаи мутамарказонидашудаи Ҷоми КФО-2021 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

КФО вақти оғози бозиҳои мусобиқаи мутамарказонидашудаи Ҷоми КФО-2021 дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд

Конфедератсияи футболи Осиё вақти оғози бозиҳои мутамарказонидашудаи мусобиқаи Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”-ро, ки аз 14 то 20 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, тасдиқ намуд.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар Минтақаи марказӣ, дар гурӯҳи “F” ноиб-қаҳрамони Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд, барандаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии Узбекистон “Насаф”-и Қаршӣ, қаҳрамони Туркманистон “Олтин Асир”-и Ашхобод ва барандаи Ҷоми Қирғизистон “Олой”-и Ӯш бармад мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Мутобиқи қарори КФО ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи “Хуҷанд” соати 21:05 ба вақти маҳаллӣ оғоз мешаванд.

Мусобиқаи мутамарказонидашудаи Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “Е”, ки дар он барандаи Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлоб баромад мекунад, аз 14 то 20 май дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад. Дар ин гурӯҳ ҳамроҳ бо дастаи “Равшан” қаҳрамони Қирғизистон “Дордой”-и Бишкек ва ноиб-қаҳрамони Туркманистон, дастаи футболи “Аҳал” рақобат хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо дар ин гурӯҳ дар варзишгоҳи Долен Омурзақов доир шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки ғолибони гурӯҳҳои Минтақаи марказии Ҷоми КФО-2021 дар бозиҳои ниҳоии минтақавӣ вомехӯранд. Финали минтақавӣ аз ду бозӣ иборат аст ва ин вохӯриҳо рӯзҳои 11 ва 25 август баргузор хоҳанд шуд.

 

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «F»

Макон – Душанбе, Тоҷикистон

«Насаф» (Узбекистон)

«Олтин Асир» (Туркманистон)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Олой» (Қирғизистон)

 

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

17:00 – «Насаф» (Узбекистон) – «Олой» (Қирғизистон)

21:05 – «Олтин Асир» (Туркманистан) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 2-юм

17 май (душанбе)

17:00 – «Олой» (Қирғизситон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

21:05 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Насаф» (Узбекистон)

 

Даври 3-юм

20 май (панҷшанбе)

17:00 – «Насаф» (Узбекистон) – «Олтин Асир» (Туркманистон)

21:05 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Олой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед