«Истиқлол» ғолиби шашкаратаи Ҷоми ФФТ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ғолиби шашкаратаи Ҷоми ФФТ шуд

Голи задаи легионери украинӣ Алексей Ларин дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021 байни дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Истиқлол”-и Душанбе ғалабаи дастаи пойтахти кишварро таъмин намуд.

Бозии ниҳоӣ рӯзи 20-уми феврал дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 5100 нафар тамошобинон доир шуд. Бо ин ғалабааш “Истиқлол” ғолиби шашкаратаи Ҷоми ФФТ шуд. Қаблан “Истиқлол” солҳои 2014, 2015, 2017, 2018 ва 2019 ин ҷоизаро соҳиб шуда буд.

Дар бозӣ барои ҷои сеюи “Регар-ТадАз” ба шарофати ду голи задаи Диловаршо Ғаниев бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 2 :бар 1  пирӯз гашта, соҳиби медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2021 шуд.

 

Ҷоми ФФТ-2021

Бозӣ барои ҷои сеюм

«Равшан» – «Регар-ТадАЗ» – 1:2

Голҳо: Диловаршо Ғаниев, 24 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 53 (0:2). Шодӣ Муродов, 86 (1:2).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»).

20 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор. 200 тамошобин.

 

Бозии ниҳоӣ

«Хатлон» – «Истиқлол» – 0:1

Гол: Алексей Ларин, 90+4.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алексей Ларин («Истиқлол»).

20 феврал. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5100 тамошобин.

Назари худро бинависед