Голи навбатии Комрон Турсунов дар қаҳрамонии дивизиони якуми Ҳиндустон – Федерация Футбола Таджикистана

Голи навбатии Комрон Турсунов дар қаҳрамонии дивизиони якуми Ҳиндустон

Ниммуҳофизи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Hero I-League – дивизиони якуми Ҳиндустон ба задани голи навбатии худ муваффақ шуд, ки голи панҷуми ӯ дар ин лига мебошад.

Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон дастаи “ТРАУ”-и Комрон Турсунов дар сафар бо ҳисоби калони 5:1 дастаи “Индиан Эрроус”-ро шикаст дод. Дар ин бозӣ футболбози тоҷик ҳам ба задани гол ва ҳам ба анҷом додани ду партофти головар муваффақ гашт ва маротиба дуюм дар мавсим – беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд. Ба Комрон Турсунов барга бо арзиши 25 ҳазор рупияи Ҳиндустон, ки баробар ба 345 доллари ИМА мебошад, тақдим гардид.

Назари худро бинависед