FIFA Ҷоми Ҷаҳонии 2021-ро байни наврасон ва ҷавонон бекор кард – Федерация Футбола Таджикистана

FIFA Ҷоми Ҷаҳонии 2021-ро байни наврасон ва ҷавонон бекор кард

Федератсияи Байналмилалии Ассотсиатсияҳои Футбол (FIFA) дар сайти расмии худ маълумот дар бораи лағви чемпионатҳо байни ҷавонони то 20 сола (U- 20) ва наврасони то 17 сола (U-17) -ро, ки баргузорияшон дар соли тақвимии оянда пешбинӣ шуда буд, нашр кард.

Индонезия ва Перу, ки мебоист чемпионати ҷаҳонии зикршударо дар соли 2021 баргузор мекарданд, ин ҳуқуқро барои мусобиқаҳои навбатии соли 2023 нигоҳ медоранд.

Бекор кардани чемпионати ҷаҳонии ҷавонон ва наврасон бо таъсири пандемияи коронавирус алоқаманд аст. Қарор бо машварати ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла мизбонони мусобиқа қабул карда шуд.

Назари худро бинависед