ФФТ ва ширкати «Рахш Такси» ҳамкории судманди дуҷонибаро идома медиҳанд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ва ширкати «Рахш Такси» ҳамкории судманди дуҷонибаро идома медиҳанд

Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳлати шартномаи судманди дуҷонибаи ҳамкориро бо Ширкати «Рахш Такси» тамдид намуд.

Дар шартномаи ҳамкорӣ аз ҷониби ФФТ роҳбари департаменти маркетинг ва алоқа бо ҷомеа – Комрон Ҳусейнов ва аз ҷониби Ширкати «Рахш Такси» – директори генералии ширкат Таҳмина Саминова имзо гузоштанд.

Комрон ҲУСЕЙНОВ, роҳбари депаратаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон:

– Мо хело хушҳолем, ки шартномаи ҳамкории худро бо Ширкати «Рахш Такси» барои як соли дигар тамдид намудем. Соли гузашта шартномаи ҳамкории мо барои ҳарду ҷониб хеле судманд буд ва боварӣ дорам, ки он ба тартиби мавҷуда идома меёбад.

Таҳмина САМИНОВА, директори генералии ширкати «Рахш Такси»:

– Барои ширкати мо ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон боиси ифтихор аст. ФФТ – ин бренди шинохташуда ва маъруф дар Тоҷикистон мебошад. Мо қадршиносӣ мекунем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ширкати мо муносибати судманди дуҷонибаи ҳамкорӣ дорад. Ширкати мо дастаи футзали худро дорад ва дастаи мо пайваста дар мусобиқаҳои Федератсия ширкат мекунад. Имсол нақшагузорӣ дорем, ки дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон иштирок намоем.

«Рахш Такси» – яке аз маъруфтарин ширкатҳои хизматрасонии такси дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ширкат соли 2017 таъсис ёфтааст ва имӯз яке аз шинохтатарин бренҳо дар саросари кишвар ба ҳисоб меравад.

Назари худро бинависед