ФФТ ба ҳамаи дастаҳои футболи лигаи олӣ сарулибоси варзишӣ тақдим намуд – Федерация Футбола Таджикистана

ФФТ ба ҳамаи дастаҳои футболи лигаи олӣ сарулибоси варзишӣ тақдим намуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи кишвар дастгирии ҳамаҷонибаи клубҳои лигаи олии мамлакатро идома медиҳанд. Пеш аз сари нав шурӯъшавии бозиҳои чемпионат, ҳамаи дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон барои ҳайатҳои асосӣ ва захиравияшон сарулибоси варзишӣ гирифтанд.

Ҳамзамон, ранги анъанавии сару3либоси бозикунии дастаҳо ба инобат гирифта шуд. Ба маҷмӯъи сарулибоси варзишӣ, ки бо назардошти ранги он ҳам барои ҳайати асосӣ ва ҳам барои ҳайати ҷавонон таҳия шудаст, инчунин пойафзол, шортҳои кӯтоҳдомани бермуд, сарулибоси тамринӣ, пиджакҳо, кроссовкаҳо, сумкаҳои варзишӣ ва дигар лавозимоти зарурии бозии футбол дохил шуда аст. Тамоми таҷҳизоти варзишии мазкур истеҳсоли ширкати испании “Joma” мебошад.

Ғайр аз ин, ба ҳамаи дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон тӯбҳои хушсифати футболбозӣ тақдим карда шуд.

Назари худро бинависед