Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16): ҷамъомади омӯзишиву машқӣ идома дорад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16): ҷамъомади омӯзишиву машқӣ идома дорад

Дастаи мунтахаби наврасони то 16 солаи Тоҷикистон (U-16) зери роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ҷамъомадҳои омӯзишиву машқии худро дар шаҳри душанбе идома медиҳад. Дастаи наврасони мо ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни наврасон, ки соли оянда дар давлати Баҳрайн баргузор хоҳад шуд, омодагӣ дида истодааст.

Дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар ихтиёри сармураббӣ Аҳлиддин турдиев 26 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 10 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлагар қарор дорад. Даста рӯзе ду маротиба тамрин мекунад.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни наврасон, ки ба соли дигар гузаронида шуд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” муқобили ҳамсолони худ аз давлатҳои Уммон, Яман ва АМА баромад мекунад.

Муҳлати аниқи баргузории ин мусобиқа ҳоло дақиқ нашуда аст.

Назари худро бинависед