Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бо Муғулистон, дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тими миллии Урдун ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Урдун дар бораи баргузории ду бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Вохӯриҳо байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун рӯзҳои 1 ва 5 феврал дар Дубай баргузор мешаванд. Дастаи Усмон Тошев омодагиро ба ин вохӯриҳо охири моҳи январ оғоз мекунад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 25 март дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи “F” бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад.

 

Бозиҳои дӯстона

1 феврал (душанбе)

ТОҶИКИСТОНУрдун

Дубай, АМА

 

5 феврал (ҷумъа)

ТОҶИКИСТОНУрдун

Дубай, АМА

Назари худро бинависед