Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ветнам бозии дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ветнам бозии дӯстона мегузаронад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон (U-23) ҷамъомади омӯзишиву машқии якҳафтаинаи худро дар Дубай хоҳад гузаронд.

Дар ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур дастаи мунтахаби ҷавонони мо ду бозии санҷишӣ мегузаронад. Рӯзи 8 октябр дар бозии аввали санҷишӣ дастаи Мубин Эргашев бо ҳайати ҷавонони «Шубо Ал-Аҳли Дубай» (U-23) ва рӯзи 11-уми октябр бо мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Ветнам вомехӯрад.

Ёдрас мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони то 23 солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” баромад мекунад. Рақибони дастаи мо дар гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) мебошанд.

 

Бозиҳои дӯстона

8 октябр (ҷумъа)

«Шубоб Ал-Аҳли Дубай» (U-23) – ТОҶИКИСТОН (U-23)

Дубай, ИМА

 

11 октябр (душанбе)

Ветнам (U-23) – ТОҶИКИСТОН (U-23)

Дубай, ИМА

Назари худро бинависед