Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе ҷамъбаст кард – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ҷамъомади омӯзишиву машқияшро дар Душанбе ҷамъбаст кард

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев ҷамъомади дуҳафтаинаи омӯшиву машқии душанбегияшро ҷамъбаст намуд.

Дар ҷамъомади омӯзишиву машқии мазкур 28 бозигар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 10 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 6 ҳамлагар иштирок доштанд.

Дар рӯзи охири ҷамъомади таълимиву тамринӣ ситоди муораббиён дастаро ба ду ҳайат тақсим намуда, байни ҳамдигар бозии санҷишӣ гузаронд.

Баъди се рӯзи истироҳат дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон боз дар Душанбе ҷамъ шуда, ҷамъомади дуюми омӯзишиву машқии ба нақша доштаашро мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё аз 3 то 20 моҳи марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони мо дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи Мубин Эргашев дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар мебошанд.

Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол (U-20) мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони зери 20 сол (U-20) дар давлати Индонезия баргузор хоҳад шуд.

Назари худро бинависед