Дастаҳои мунтахаби наврасони (U-16) ва ҷавонони (U-19)-и Тоҷикистону Эрон бозиҳои дӯстона мегузаронанд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои мунтахаби наврасони (U-16) ва ҷавонони (U-19)-и Тоҷикистону Эрон бозиҳои дӯстона мегузаронанд

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони то 16 сол ва ҷавонони то 19 соли Тоҷикисон бо ҳамсолони худ аз давлати Эрон дар Душанбе бозиҳои санҷишии дӯстона мегузаронад.

Рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бозиҳо байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16 соли Тоҷикистону Эрон ва рӯзҳои 24 ва 27 декабр дар ҳамин варзишгоҳ вохӯриҳои мунтахабҳои ҷавонони то 19 соли Тоҷикистону Эрон баргузор мешаванд.

Бозиҳо соати 14:00 бидуни иштироки мухлисон доир мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё дастаи наврасони  мо дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА мебошанд.

Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё барои дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19 сол бошад, аз 3 то 20 моҳи марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони мо дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи ҷавононамон дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар ҳастанд.

 

Бозиҳои дӯстона

23 декабр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)  

 

24 декабр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

 

26 декабр (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16)

 

27 декабр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14:00

ТОҶИКИСТОН (U-19) – Эрон (U-19)

Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Назари худро бинависед