Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 13 сол шурӯъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 13 сол шурӯъ шуд

Дар майдони захираи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи наврасони то 13 сол шурӯъ шуд.

Барои унвони чемпионӣ даҳ даста талош мекунад. Мувофиқи Тартиби баргузорӣ дастаҳо дар марҳилаи ниҳоӣ ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои МҶМОВ (Душанбе), «Суғд-2» (вилояти Суғд), «Ҳулбук» (Восеъ), ММВЗО «Фирдавс» (Душанбе) ва «Бешкент» (Носири Хусрав) шомиланд. Гурӯҳи “Б” аз дастаҳои «Суғд-1» (вилояти Суғд), «Хатлон» (Бохтар), МҶМОВ-2 (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Поиск» (Душанбе) иборат мебошад.

Баъди ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ дастаҳои мақоми аввалу дуюмро ишғолкарда, ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони ҷуфтҳои ниманиҳоӣ барои унвони чемпионӣ ва дастаҳои бозиҳои ниманиҳоиро бохта барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни наврасони то 13 сол. Марҳилаи ниҳоӣ

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Ҳулбук» – ММВЗО «Фирдавс» – 1:0

«Суғд-2» – «Бешкент» – 2:0

 

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

МҶМОВ-2 – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

«Хатлон» – «Поиск» – 3:1

Назари худро бинависед