Бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2022 байни миллипӯшони Тоҷикистону Муғулистон дар муҳлаташ баргузор хоҳад шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2022 байни миллипӯшони Тоҷикистону Муғулистон дар муҳлаташ баргузор хоҳад шуд

Конфедератсияи футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои моҳи мартии марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамони ҷаҳон-2022-ро расман эълон намуд. Бисёре аз ин вохӯриҳо ба моҳи июн гузаронида шуда буданд.

Бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” байни тимҳои миллии Тоҷикистону Муғулистон, дар муҳлати муқарраршуда – 25-уми март, баргузор мегардад.  Вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 18:00 оғоз хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз бозии Тоҷикистону Муғулистон дар моҳи март боз се бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Осиё баргузор мешавад, ки дар онҳо – Арабистони Саудӣ бо Яман (25 март, Ар-Риёз), Непал – Австралия (30 март, Катманду) ва Муғулистон – Ҷопон (30 март, Тиба, Ҷопон).

Ёдрас мешавем, ки дар моҳи июн дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо тимҳои миллии Ҷопон (7 июн) ва Мянмор (15 июн) бозӣ мекунад.

 

ҶҶ-2022

Марҳилаи дуюми интихобӣ

Гурӯҳи «F». Даври 7-ум

25 март (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 18:00

ТОҶИКИСТОН – Муғулистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед