Бозии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолонашон аз Эрон – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо ҳамсолонашон аз Эрон

Футболбозони дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар бозии дувуми дӯстона, ки 26-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, аз ҳамсолонашон аз Эрон бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуданд. Голи ягонаро Амир Иброҳимзода дар дақиқаи 29-ум ба самар расонид.

 

Бозии дӯстона

ТОҶИКИСТОН (U-16) – Эрон (U-16) – 0:1

Гол: Амир Иброҳимзода, 29.

Тоҷикистон (U-16): Суҳробхуҷа Юсупов, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Ҳукмиддин Шодмонов (Меҳрубон Каримов, 53), Бежан Нишонбойзода (Муҷовид Шовайсуддинов, 53), Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Кабир Салимшоев, Аббос Андалебов (Азизбек Далиев, 53, Нурсултон Норбойзода, 81), Суннатулло Азизов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 63), Амирҷони Фаррухзод.

Эрон (U-16): Масеҳ Муродӣ, Амирҳусейн Саҳофӣ, Фардин Баҳрӣ, Муҳаммадризо Кушкӣ, Сунҳон Камолванд (Имон Дониш, 78), Саҷоди Ходимӣ (Ёдгор Рустамӣ, 31), Алиакбар Ранҷбар (Мирсад Сулаймонӣ, 85), Аршиа Каримӣ, Алиризо Иноятзода, Амир Иброҳимзода (Ёсин Ҷаъфаричашмӣ, 85), Сино Ғамсемӣ.

Огоҳӣ: Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Абдулфаттоҳи Худойдодзода, Кабир Салимшоев, Аббос Андалебов, Амирҷони Фаррухзод (Тоҷикистон), Фардин Баҳрӣ, Сунҳон Камолванд, Амир Иброҳимзода (Эрон).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).

26-уми декабр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Назари худро бинависед