Бозӣ барои Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020 рӯзи 18 июл дар Душанбе мегузарад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020 рӯзи 18 июл дар Душанбе мегузарад

Мавсими нави футзали Тоҷикистон бо баргузории бозӣ барои Суперҷоми футзали мамлакат, ки дар он дастаҳои футзали “Соро-компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд вомехӯранд, шурӯъ хоҳад шуд.

Бозӣ рӯзи 18 июл, соати 14:00 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Он гуна ки қайд кардем дар бозӣ барои соҳиб шудан ба Суперҷом чемпиони мавсими гузаштаи мамлакат “Соро-компания”-и Душанбе ва барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсола, дастаи футзали “Сипар”-и Хуҷанд рақобат мекунанд.

Мавсими нави футзал рӯзи 21 июл оғоз мешавад ва дар мусобиқа шаш даста иштирок мекунад. Чемпионати футзал аз ду қисм иборат аст ва баъдан дастаҳо дар бозии плей-офф иштирок мекунанд.

 

Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2020

18 июл (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 14:00

«Соро компания» (Душанбе) – «Сипар» (Хуҷанд)

Душанбе, Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назари худро бинависед