Бохти мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон аз Узбекистон дар бозии дӯстона – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон аз Узбекистон дар бозии дӯстона

Дирӯз, 19 ноябр, дар толори варзишии “Бунёдкор” дар Тошканд бозии дӯстонаи мунтахабҳои миллии Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд. Бозӣ хеле шавқовару ҷаззоб сурат гирифта, бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи футзалбозони узбек анҷом ёфт.

Қисми аввали вохӯрӣ бо ҳисоби баробари 2 бар 2 поён ёфт, аммо дар қисми дуюми бозӣ баъди ба майдон баромадани Анасхон Раҳматов ва Даврон Чориев дастаи соҳибони майдон пурқувваттар шуд ва онҳо ба задани ду голи дигар ба дарвозаи дастаи мо муваффақ шудвнд.  Ёдрас мешавем, ки дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ як рӯз пеш дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби миллии футзали Қирғизистон ҳам бозии рафиқона баргузор намуд, ки он бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом шуда буд.

Бозиҳои рафиқонаи дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Узбекистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё оид ба футзал маҳсуб меёбанд. Аз рӯи ҳисоб  16-умин чемпионати Осиё оид ба футзал аз 23 март то 3 апрели соли оянда дар давлати Кувайт баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» баромад мекунад. Рақибони дастаи футзали мо дар гурӯҳ мунтахабҳои миллии футзали Туркманистон, Ветнам ва Уммон мебошанд.

 

Бозии дӯстона

Узбекистон – ТОҶИКИСТОН – 4:2

ГолҳоАкбар Усмонов (2), Анасхон Раҳматов, Даврон Чориев – Парвиз Раҳматов (2).

19 ноябр. Тошканд. Толори варзишии Академияи «Бунёдкор».

Назари худро бинависед