Ба қарибӣ рақибони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон маълум мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Ба қарибӣ рақибони дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон маълум мешаванд

Қуръакашии бозиҳои марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020, ки дар он рақибони дастаҳои мунтахаби наврасони то 16 сол (U-16) ва ҷавонони то 19 соли Тоҷикистонc(U-19)  маълум мешаванд, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпури давлати Малайзия баргузор хоҳад шуд.

Чорабинӣ соати 11:30 ба вақти Душанбе оғоз гашта, соати 13:30 марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 байни наврасони зери 16 сол ва ҷавонони зери 19 сол қуръа партофта мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё ҳайати сабадҳоро барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии мусобиқа байни наврсони зери 16 сол эълон намуд. Дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон якҷоя бо ҳамсолони худ аз Баҳрайн, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ дар сабади якум қарор дорад. Ин ба он маъност, ки дар бозиҳои гурӯҳии чемпионати мазкур, дастаи мунтахаби наврасони зери 16 соли Тоҷикистон бо ин дастаҳои мунтахаб рӯбарӯ намегардад.

Тибқи тақвими Конфедератсияи футболи Осиё марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 байни наврсони зери 16 сол аз 16 сентябр то 3 октябр дар давлати Баҳрайн баргузор хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19 соли Тоҷикистон бошад, дар қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020 дар сабади дуюм ҳамроҳ бо мунтахабҳои ҷавонони Ҷопон, Австралия ва Индонезия ҷой гирифта аст. Он гуна ки болотар гуфтем, дар қуръакашӣ дар як сабад ҷой гирифтани мунтахабҳо, дақиқан маънои онро дорад, ки ин дастаҳо дар бозиҳои гурӯҳӣ бо ҳам рақобат намекунанд. Марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни ҷавонони то 19 сола бошад, бояд аз 14 то 31 октябр дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардад.

Ёдрас мешавем, ки аз ҳар сину сол чаҳор дастаӣ ба чемпионатҳои ҷаҳон-2021 байни наврасону ҷавонон роҳ меёбанд. Чемпионатҳои мазкур, мутаносибан дар кишварҳои Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор иешаванд.

 

Ҳайати сабадҳо дар қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2020  байни наврасони то 16 сол (U-16):

Сабади 1: Баҳрайн, Ҷопон, ТОҶИКИСТОН, Куриёи Ҷанубӣ.

Сабади 2: Австралия, ҶХДК, Индонезия, Умон.

Сабади 3: Ҳиндустон, Эрон, Яман, Арабистони Саудӣ.

Сабади 4: Чин, Узбекистон, Қатар, АМА.

 

Ҳайати сабадҳо дар қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё – 2020  байни чавонони то 16 сол (U-19):

Сабади 1: Узбекистон, Арабистони Саудӣ, Куриёи Ҷанубӣ, Қатар.

Сабади 2: Ҷопон, ТОҶИКИСТОН, Австралия, Индонезия.

Сабади 3: Малайзия, Ироқ, Ветнам, Камбоҷа.

Сабади 4: Эрон, Яман, Баҳрайн, Лаос.

Назари худро бинависед