Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои моҳи май бо мунтахабҳои миллии Ироқ ва Таиланд маълум шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои моҳи май бо мунтахабҳои миллии Ироқ ва Таиланд маълум шуд

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев рӯйхати бозингаронеро, ки дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Ироқ ва Таиланд ба ҳайати миллипӯшони футболи кишвар даъват шудаанд, муайян намуд.

Бозиҳои дӯстона бо тими миллии Ироқ 24 май дар Басра ва бо мунтахаби миллии Таиланд 29 май дар Дубай баргузор хоханд шуд.

Ба рӯйхати ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон 25 бозингар шомил ҳастанд, ки аз инҳо 3 кас дарвозабон, 7 кас муҳофизатгар, 10 кас ниммуҳофизатгар ва 5 кас ҳамалагар мебошанд.

Ба ҳайати тими миллӣ дар ин бозиҳо 7 бозингаре, ки дар бошгоҳҳои футболи хориҷи мамлакат бозӣ мекунанд, даъват шудаанд, ки инҳо  – муҳофизатгарон Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), ниммуҳофизон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), инчунин ҳамлагарон Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия) ва Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова) мебошанд.

Омодагиро ба вохӯриҳои мазкур тими миллии Тоҷикистон рӯзи 20-уми май дар Душанбе оғоз намуда, рӯзи шанбеи 22-юми май, субҳи барвақт бо хатсайри ҳавоӣ тавассути Дубай ба Басра парвоз мекунад. Бозӣ бо мунтахаби миллии Ироқ рӯзи 24-уми май дар Басра баргузор мешавад. Баъд аз бозӣ бо тими миллии Ироқ дастаи мо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар карда, дар Дубай рӯзи 29-уми май бо тими миллии Таиланд бозӣ мекунад.

Баъд аз ин, миллипӯшони футболи кишвар ба Осакаи Ҷопон сафар карда, дар он ҷо дар доираи бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 рӯзи 7-уми июн бо тими миллии Ҷопон ва рӯзи 15-уми июн бо тими миллии Мянмор рақобат хоҳанд кард.

 

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо Ироқ (24 май) ва Таиланд (29 май):

Дарвозабонҳо:

Рустам Ятимов («Истиқлол»)

Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)

Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Муҳофизон:

Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)

Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония)

Аҳтам Назаров («Истиқлол»)

Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)

Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)

Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)

Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)

Ниммуҳофизон:

Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон)

Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)

Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон)

Алишер Ҷалилов («Истиқлол»)

Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)

Ислом Зоиров («Истиқлол»)

Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)

Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»)

Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)

Алиҷони Айнӣ (бе даста)

Ҳамлагарон:

Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)

Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова)

Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)

Рустам Соиров («Истиқлол»)

Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Назари худро бинависед