Зоир Ҷӯрабоев: «Ҳар як дидор дар марҳилаи интихобӣ хеле муҳим аст» – Федерация Футбола Таджикистана

Зоир Ҷӯрабоев: «Ҳар як дидор дар марҳилаи интихобӣ хеле муҳим аст»

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дар бораи омодагии даста ба бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Малдив гуфт. Ин рақобат рӯзи 14 октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале баргузор шуда, соати 15:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. 

«Фикр мекунам, ки ин рақобат аз бозии аввал душвортар хоҳад буд, зеро Малдив дар майдони худ, дар назди мухлисонаш бозӣ хоҳад кард. Мо мефаҳмем, ки набояд хол аз даст диҳем. Ҳар як дидор дар марҳилаи интихобӣ хеле муҳим аст.

Мо бозии якумро, ки дар Ҳисор барпо гардид, таҳлил карда, фаҳмидем, ки чиро беҳтар карда метавонем ва бояд чиро беҳтар кунем. Тамоми коллектив барои мубориза омодааст. Пагоҳ мо танҳо бо як ҳадаф – гирифтани се имтиёз ба майдон мебароем», – гуфт ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев.