Вохӯрӣ бо тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон пас аз баромади муваффақона дар мусобиқаи CAFA – Федерация Футбола Таджикистана

Вохӯрӣ бо тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон пас аз баромади муваффақона дар мусобиқаи CAFA

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар шаҳри Тошканд пирӯз шуд, вохӯрд.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурият барои муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ изҳори сипос намуданд.

Дар рафти ҷамъомад бозигарон ва ҳайати мураббиёну маъмурият бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин нақшаҳои омодагии минбаъдаи даста ба мусобиқоти дарпешистодаи байналмилалӣ, аз ҷумла, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 гуфта шуданд.

Назари худро бинависед