Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Ваҳдат маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Лигаи “Пешсаф”-и Тоҷикистон байни наврасони то 16 сола баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболи наврасони “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ғолиб гардид. Даста аз 18 бозӣ 15 ғалаба ба даст оварда, як бозиро дуранг анҷом кард ва дар ду вохӯрӣ мағлуб гашт ва бо касби 46 имтиёз дар Лигаи “Пешсаф”-и наврасон соҳиби мақоми аввал гардид.
Мақоми дуюмро дар ин мусобиқа дастаи МҶМОВ бо 44 имтиёз ва мақоми сеюмро дастаи наврасони “Равшан”-и Кӯлоб бо 38 имтиёз соҳиб шуданд.
Дар марсоими мукофотонии ғолибону соҳибҷоизаҳои Лигаи “Пешсаф”-и Тоҷикистон байни бозигарони то 16 сола Муовини раиси шаҳри Ваҳдат Фарзона Хоҷазода, Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва Директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст Фирӯз Шарипов беҳтарин бозигари дастаи “Ваҳдат”, Абдулло Ибрагимов беҳтарин бозигари дастаи МҶМОВ ва Диловар Азизов беҳтарин бозигари “Равшан” дар мавсими имсолаи Лига эътироф шуданд. Ҷоизаи беҳтарин бозигари Лигаро бошад Муҳаммад Назриев аз дастаи “Ваҳдат” соҳиб шуд. Нишонзани беҳтарини Лига Зиёвуддин Каримов аз дастаи МҶМОВ бо 29 голи задааш шинохта гардид. Мураббии “Ваҳдат” Сунатулло Салимов беҳтарин мураббии Лигаи наврасони “Пешсаф”-и Тоҷикистон байни бозигарони 16 сола дониста шуд.