Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов беҳтарин бозигари бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими Тимори Шарқӣ (1:0) эътироф шуд. Маҳз голи ӯ ба дастаи мо се хол овард.
«Мехоҳам ба ҳамаи мухлисон, ки сарфи назар аз ҳавои боронӣ барои дастгирии даста ба варзишгоҳ омаданд, миннатдорӣ баён кунам. Хурсандам, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон гол зада тавонистам. Мутаассифона, мо имрӯз хуб бозӣ накардем. Барои мо муҳим буд, ки се имтиёз дар оғози марҳилаи интихобӣ ба даст орем. Боварӣ дорам, ки дар бозии оянда беҳтар мешавем. Барои ман вақти майдондорӣ намерасад. Чемпионати Эрон сатҳи баланд дорад. Дар бошгоҳи мо рақобатпазирӣ хеле калон аст. Дар дастаи мо 5 нафар муҳофизони марказӣ бозӣ мекунанд. Кӯшиш мекунам, мубориза мебарам, ки вақти майдондорӣ дошта бошам», – гуфт баъд аз вохӯрӣ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов.