«Тоҷиктелеком» шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд – Федерация Футбола Таджикистана

«Тоҷиктелеком» шарики нави Федератсияи футболи Тоҷикистон шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва оператори пешбари миллии алоқа дар кишвар «Тоҷиктелеком» созишномаи ҳамкории дуҷонибаро имзо карданд.

Маросими расмии имзои созишнома имрӯз, 19 март дар бинои маъмурии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳуҷҷатро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва директори генералии ҶСК «Тоҷиктелеком» Бахтовар Абдусатторзода имзо карданд.

Ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов шарики навро истиқбол карда, қайд намуд, ки ҳамкорӣ бо «Тоҷиктелеком» имкониятҳоро барои татбиқи лоиҳаҳои нав васеъ мекунад.

Директори генералии «Тоҷиктелеком» Бахтовар Абдусатторзода дар навбати худ зикр дошт, ки аз шарикӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ифтихор мекунанд. Ширкат нақша дорад, то дастаҳои миллӣ ва наврасони кишварро фаъолона дастгирӣ намуда, дар рушди футболи тоҷик саҳм гузорад.

Назари худро бинависед