Дар остонаи бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Испания дар меҳмонхонаи «Атлас»-и Душанбе бо иштироки намояндагони дастаҳо ҷаласа ва нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ дастаҳо ранги либоси худро муайян карданд. Мунтахаби Тоҷикистон вохӯриро бо либоси сурх ва тими Испания бо либоси сафед доир мекунанд.
Сипас нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он сармураббиёни мунтахаби Тоҷикистону Испания Пайрав Воҳидов ва Феде Видал, инчунин бозигарон Самандар Ризомов ва Раул Кампос ба саволҳои рӯзноманигорон посух доданд.
Мураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов қайд кард, ки бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Испания ва Нидерландҳо пеш аз Ҷоми ҷаҳон-2024 хеле муфид хоҳад буд.
Самандар Ризомов дар навбати худ гуфт, даста талош хоҳад кард, ки бар зидди дастаҳои пурқуввате чун Испания ва Нидерландҳо бозии хуб нишон диҳад.
Бояд гуфт, ки 5-уми сентябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистону Испания баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 20:00 шуруъ мегардад.