Тими миллии Тоҷикистон соли 2025-ро дар мақоми 101-уми раддабандии ФИФА ба анҷом расонд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон соли 2025-ро дар мақоми 101-уми раддабандии ФИФА ба анҷом расонд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз, 22 декабр раддабандии ниҳоии дастаҳои миллиро барои соли 2025 нашр кард.

Тибқи рӯйхати навшуда дастаи миллии Тоҷикистон бо 1224.93 хол дар ҷойи 101-ум қарор дорад. Дар байни мунтахабҳои миллии узви Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 17-ум аст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, дастаи мо мавқеи худро беҳтар карда, аз ҷойи 104-ум боло баромад.

Дар соли 2025 тими миллии Тоҷикистон 10 бозӣ анҷом дод, ки шаш ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохтро ба қайд гирифт. Пирӯзиҳо бар Тимори Шарқӣ (1:0, 5:0), Камбоҷа (2:1), Афғонистон (2:0) ва Малдив (2:0, 3:0) ба даст оварда шуданд. Мусовиҳо бо Филиппин (2:2) ва Эрон (2:2) сабт шуданд. Дар рақобатҳои бо Беларус (0:5) ва Ҳиндустон (1:2) ба бохт дучор шуданд. 

Тими миллии Тоҷикистон бозии расмии навбатии худро 31 марти соли 2026 дар Ҳисор анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар зидди яккачини Филиппин сурат мегирад.

Назари худро бинависед