Тими миллии Тоҷикистон омодагиро дар Дарвин барои бозӣ бо тимори шарқӣ оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро дар Дарвин барои бозӣ бо тимори шарқӣ оғоз кард

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро барои бозии интихобии Ҷоми Осиё -2027 муқобили яккачини Тимори Шарқӣ дар шаҳри Дарвини Австралия оғоз намуд.

Дастаи мо дар Австралия бо тамоми ҳайат ҷамъ омада,  дар яке аз майдонҳои тамринии Дарвин машғулиятҳоро анҷом дод, ки ба барқароршавӣ пас аз парвози тӯлонӣ равона шуда буданд.

Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон18 ноябр дар Дарвин доир мешавад.

Назари худро бинависед