Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» шуруъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон омодагиро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» шуруъ кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба дуюмин мусобиқаи «CAFA Nations Cup», ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, оғоз кард.

Машқҳои тими мо дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзоб баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ифтитоҳии худро дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup» дар гурӯҳи «В» бо тими миллии Ҳиндустон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 29 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда, соати 20:30 оғоз мешавад.

Назари худро бинависед