Тими миллии Тоҷикистон машқҳои навбатии худро баргузор кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон машқҳои навбатии худро баргузор кард

Тими миллии Тоҷикистон машқҳои навбатии худро ҷиҳати омодагӣ ба бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо яккачини Филиппин доир кард.

Ҳамагӣ ду рӯз то бозии дарпешистода боқӣ мондааст ва ситоди мураббиён тадриҷан фишорро кам карда, бештар ба ҷанбаҳои тактикӣ тамаркуз мекунад. Имрӯз машғулиятҳо ба бозигузории даставӣ, ҳамдигарфаҳмӣ байни хатҳо ва ҳолатҳои стандартӣ бахшида шуда буданд.

Пеш аз оғози тамринҳо даста масҳгар Ҳабиб Доровро, ки имрӯз 60-солагиашро таҷлил мекунад, самимона табрик гуфт. Бозигарон ва ҳайати мураббиён ба ӯ саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар корҳояш муваффақият таманно карданд.

Даста бо рӯҳияи хуб машқ мекунад, ҳамаи бозигарон пурра ба бозии дарпешистода тамаркуз намуда, мақсад доранд, ба натиҷаи мусбат ноил шаванд.

Назари худро бинависед