Тими миллии Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъиро дар Душанбе оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон машқҳои дастаҷамъиро дар Душанбе оғоз кард

Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович дар шаҳри Душанбе ҷамъ шуда, машқҳои якуми худро дар соли ҷорӣ доир кард.

Даста омодагиро барои бозии гурӯҳи «А» муқобили яккачини Филиппин дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оғоз намуд. Вохӯрии мазкур 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Пеш аз оғози машқҳои дастаҷамъӣ сармураббӣ бо бозигарон мулоқоти кӯтоҳе анҷом дод ва аҳамияти бозии дарпешистодаро таъкид кард. Инчунин Стеванович бозигаронеро, ки бори аввал ба дастаи миллӣ даъват шуданд, истиқбол намуд.

Бозигарон нимҳимоятгари «Истиқлол»-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимовро, ки бори аввал соҳиби фарзанд – писардор шуд, самимона табрик гуфтанд.

Назари худро бинависед