Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар ҷамъомади таълимиву тамринии Тошканд омодагиро ба Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 20 июн баргузор мешавад, идома медиҳад.
Ба ҳайати тими миллии Тошканд ду бозигари дигар – дарвозабони «Хуҷанд» Шоҳрух Қирғизбоев ва ҳимоятгари «Локомотив»-и Тошканд Манучеҳр Сафаров шомил шуданд. Ҳимоятгарон Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон) ва Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), инчунин нимҳимоятгарон Хусрав Тоиров («Шахтёр», Украина), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия) ва Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон) рӯзҳои наздик ба маҳали ҷойгиршавии дастаи мунтахаби Тоҷикистон меоянд.
Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Туркманистон (11 июн), Уммон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ мекунад.