Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», ки аз 29 август то 8 сентябр таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян шуданд.
Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои Эрон, Афғонистон ва Малайзия бозӣ мекунад. Вохӯриҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Ҳисор доир мешаванд.
Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон дар шаҳри Тошканд бозӣ мекунанд.
Бар асоси низомномаи мусобиқот, рақобатҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.