Тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар мунтахаби Покистон ғалабаи калон ба даст овард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бар мунтахаби Покистон ғалабаи калон ба даст овард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе дар бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бар тими миллии Покистон пирӯзии калон ба даст овард.

Вохӯрӣ имрӯз, 11-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов гол заданд.

Мунтахаби Тоҷикистон аз рӯйи натиҷагирии мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» мақоми сеюмро гирифт ва акнун баромадро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки моҳи марти соли 2025 оғоз мешавад, идома медиҳад.

Назари худро бинависед